Дидор: 1 results found.
|
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳи узмо Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ
Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ дар соли 1935 мелодӣ (1354 ҳиҷрии қамарӣ) дар Наҷафи Ашраф (Ироқ) дар хонаводаи руҳонӣ дида ба ҷаҳон кушод. Таҳти ишрофи падараш Сайид Абдуррауф Фазлуллоҳ (аз мароҷеи тақлид), мароҳили тарбияту таълимро ба шевае, ки дар он замон марсум буд гузаронид. Дар давраи кўдакӣ вориди мактабхона шуд то хондану навиштан ва қироати Қуръонро биёмўзад. Аммо фазои хашини мактабхона, ки таҳти идораи афроди куҳансол буд, бо мизоҷаш созгор наомад ва ҳатто осори манфӣ бар руҳияаш гузорид. Он гоҳ вориди мадрасае шуд, ки марказе бо номи “Мунтада ан-нашр”, онро ба сабки ҷадид таъсис карда буд. Вай вориди синфи сеюми ин дабистон шуд ва замоне ки синфи чаҳорумро мегузаронид, дабистонро ҳам тарк гуфт ва дар синни нўҳсолагӣ таҳсилоти ҳавзавияшро оғоз кард. Ҳамзамон бо таҳсилоти ҳавзавӣ ва ба таносуби синну зеҳнияти хеш, ба фазои перомун ва авзои замона таваҷҷўҳ дошт ва андешаҳо ва дағдағаҳои фарҳангӣ ва сиёсии замонаашро аз тариқи маҷаллоти Миср ва Лубнон ва рўзномаҳои ироқӣ пайгирӣ мекард.
Bayynattj.com ~
Site Info
Whois
Trace Route
RBL Check
|
|
|
|